Пайвандҳои дастрасӣ

Равобити иқтисодӣ дар маркази гуфтугӯҳои Олмону Туркманистон


Президенти Туркманистон Қурбогулӣ Бердимуҳаммадов рӯзи 29 август, барои баррасии ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Канслери Олмон Ангела Меркел озими ин кишвар шуд. Меркел ва Бердимуҳаммадов бори охир дар соли 2008, дар ҷараёни сафари президенти Туркманистон ба Олмон ва Австрия, мулоқот карда буданд. Ҳомиёни ҳуқуқи инсон умед доранд, ки Меркел Бердимуҳаммадовро водор хоҳад кард, ки ба вазъи бади ҳуқуқи инсон дар Туркманистон расидагӣ кунад. Изҳороти Вазорати умури хоҷии Олмон дар таърихи 26 агуст, дар бораи барномаи гуфтугӯи Бердимуҳаммадов бо Меркел ҷузъиёт надодааст. Аммо як мақоми Олмон дар сӯҳбати бидуни микрафон ба бахши Туркмании радиои Озодӣ гуфтааст, ки мулоқот бо ибтикори Меркел ҷараён мегирад ва ҳарду ҷониб ҳамкориҳои иқтисодиву сиёсиро матраҳ хоҳанд кард. Олмон аз шарикони иқтисодии Туркманистон дар Иттиҳоди Аврпуо буда, тиҷорати ду кишвар дар соли 2014 ба $466 миллион баробар будааст. Аммо фаъолиятҳои иқтисодии Олмон дар Туркманистон бинобар ношаффоф будани равишҳои маъмурӣ ва мушкили дарфёти муҷввизи фаъолият барои ширкатҳои олмонӣ печида боқӣ мондааст.

XS
SM
MD
LG