Пайвандҳои дастрасӣ

Омодагии вазоратҳои Русия барои кор дар шароити ҳарбӣ


Бинои Бонки марказии Русия

Вазоратҳои Русия барои кор дар шароити низомӣ омода мешаванд. Рӯзи 25-уми августи соли равон эълон шуд, ки омодагии ҳарбии вазоратҳо ба таври ногаҳонӣ санҷида хоҳад шуд. Дар ин чорабинӣ бонкҳои Русия, Вазорати молия ва иқтисоду савдо низ иштирок мекунанд. Инчунин, дар ин чорабинӣ корхонаҳои истеҳсоли таҷҳизоти низомӣ дар ҷануби Русия иштирок карда, нишон хоҳанд дод, ки то куҷо дар вазъияти фавқулода метавонанд, силоҳ истеҳсол кунанд. Вазорати дифои Русия эълон кард, ки барои нерӯҳои захиравӣ омодагии ҳарбӣ баргузор мекунад. Аз соли 2014, ки Қрим ба Русия илҳоқ шуд, тамрин ва машқҳои низомӣ дар Русия афзоиш ёфтааст. Кишварҳои ғарбӣ борҳо аз ин иқдоми низомии Русия нигаронӣ карда буданд. Украина ин тадбирҳои ҳарбии Русияро хатаре барои худ медонад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG