Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ғарқ шудани даҳ сокини Хатлон дар Вахш


Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода аз ғарқ шудани 10 сокини вилояти Хатлон дар дарёи Вахш дар мавсими гармои имсол хабар додааст. Собирҷон Собиров, як масъули идораи ҳолатҳои фавқулодаи Хатлон, рӯзи 29-уми август ба Озодӣ гуфт, ин даҳ нафар ҳама ҷавон буда, ҳангоми оббозӣ дар дарёи Вахш ғарқ шудаанд. Аммо ба гуфтаи Собирҷон Собиров, дар маҷмӯъ, аз аввали соли ҷорӣ дар рӯду канадҳои қаламрави вилояти Хатлон 39 нафар зимни оббозӣ ғарқ шуда ва ҷони худро аз даст додаанд. Ин рақам дар ҳамин давраи соли гузашта 40 нафар будааст. Мақомот омилҳои ғарқшавӣ ва ба ҳалокат расидани сокинонро дар рӯду каналҳои вилояти Хатлон «беаҳамиятии худи сокинон» унвон мекунанд. Дарёи Вахш аз ҳудуди чанд ноҳияи вилояти Хатлон убур мекунад.

XS
SM
MD
LG