Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар Қирғизистон 29 август Рӯзи мотам эълон шуд


Алмосбек Отамбоев, президенти Қирғизистон бо имзои як фармон 29 августро дар кишвараш Рӯзи мотам эълон кард.

Тибқи хабари хадамоти матбуотии президенти он кишвар, 27 августи соли ҷорӣ тақрибан дар як замон 2 фоҷиа рух дод - 14 шаҳрванди Қирғизистон дар як сӯхтор дар Москва фавтиданд ва 9 мусофири дигар дар роҳи мошингарди Бишкек - Ӯш дар як садама ҷон доданд.

"Ин зиёни бузургест барои тамоми мардуми Қирғизистон. Мақомоти давлатӣ барои кумак ба хонаводаҳои фавтидаҳо ва зарардидагон чора меандешанд. Дар якҷоягӣ бо мақомоти давлатии Русия сабабҳои марги одамон холисона таҳқиқ хоҳад шуд", - омадааст дар матни фармон.

Дар рӯзи мотам дар ҳудуди Қирғизистон ва ҳамчунин дар биноҳои дипломатӣ ва консулгариҳои ин кишвар дар хориҷ парчами давлатӣ поин оварда мешавад. Ба муассисаҳо ва ширкатҳои радиову телевизион машварат дода мешавад, ки барномаҳои тафреҳиро қатъ кунанд.

27 август дар як анбори типографӣ дар Москва сухтор рух дод, ки боиси марги 17 нафар шуд. 14 тани қурбониёни сухтор шаҳрвандони Қирғизистон буданд. Ба иттилои вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Русия, сухтор дар натиҷаи расиши ноқилҳои барқи лампаи ошёнаи аввали бино сар задааст.

XS
SM
MD
LG