Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чаро биноҳо дар Италия ба зилзила тоб наоварданд?


Баъди заминларзаи харобиовар дар Италия, ки қурбонии зиёд бар ҷой гузошт, тобоварии манзили сокинони ин кишвар ба зилзила ва эҳтимоли риоя нашудани меъёрҳои сохтмонӣ санҷида мешавад. Додситонии Италия эълон кард, ки ин фоиҷа ҳамчун ҳодисаи нохуши тасодуфӣ баррасӣ нахоҳад шуд. Ба қавли додситон Ҷузепа Сайеви, тафтишҳои ибтидоӣ нишон медиҳад, ки қоидаҳои сохтмонии манзили сокинон дуруст риоя нашудааст ва дар аксари маврид “қумро бештар аз семент” истифода кардаанд. Дар шаҳри Аматриче хароб шудани мактаби ибтидоӣ, ки тоза таъмир шуда буд, норозигии оммавиро ба вуҷуд овард. Дар пайи заминларзаи чанд рӯзи пеш дар Италия наздик ба 300 нафар ҷон бохтанд. То ҳанӯз ҷустуҷӯи афроди беному нишоншуда зери харобиҳои заминларза идома дорад.

XS
SM
MD
LG