Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Парвандаи муттаҳамони қатли Фотима ба додгоҳ рафт


Тафтиши парвандаи се ҷавоне, ки дар куштор ва ба қисмҳо ҷудо кардани ҷасади як духтар муттаҳам мешаванд, анҷом шуда ва барои баррасӣ ба додгоҳи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ирсол гардидааст. Як манбаи огоҳ аз тафтишот рӯзи 27-уми август ба Радиои Озодӣ гуфт, маълум шудааст, ки ин ҷавонҳо “маняк” набуда, бори аввал ин ҷиноятро содир кардаанд.

Аввали моҳи август аз рӯдхонаи Душанбе ду ҷасади бе сар пайдо шуд. Дар аввал гумон мерафт, ки ин ҷиноятро гурӯҳи хос содир кардаанд. Аммо баъдан маълум шуд, ки ҷасади аввалро шавҳари як зан ва ҷасади дуюмро се ҷавон анҷом додаанд.

Тибқи иттилои Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, Дарвеш Абдураҳимов, сокини 26-солаи Душанбе, Нуриддин Алибоев, сокини 25-солаи Восеъ ва Исмат Муҳаммадиев, сокини 24-солаи Варзоб ба ин ҷиноят даст задаанд. Ин се нафар дар яке аз ошхонаҳои пойтахт якҷоя кор мекардаанд ва рӯзи 27-уми июл ҳангоми аз кор берун шудан бо духтари ҷавон шинос мешаванд. Ӯро ба ноҳияи Варзоб ба хонаи дӯсти худ бурда, пас аз нӯшидани зиёд шахсияти духтарро таҳқир ва ӯро латту кӯб кардаанд. “Духтар ба онҳо ҳушдор додааст, ки аз ин амал ба пулис шикоят хоҳад бурд. Нуриддин Алибоев ба ҳамроҳонаш маслиҳат медиҳад, ки ӯро бо тагсарӣ бӯғӣ кунанд. Пас аз як рӯзи кушта шудани ин ҷавондухтар ҷасади ӯро ба қисмҳо ҷудо карда ба рӯдхонаи Душанбе ҳаво медиҳанд,” – шарҳ дода буд Вазоарти корҳои дохилӣ.

Баъди се рӯзи тафтиш маълум шуд, ки шахси кушташуда Фотима Боймирзоеваи 23-сола, сокини кӯчаи Машъали шаҳри Душанбе аст. Парвандаи ин се ҷавон бар асоси моддаи 104-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, яъне “куштор” баррасӣ мешавад.

XS
SM
MD
LG