Пайвандҳои дастрасӣ

НАТО таҷҳизоти низомиашро ба Ховари Миёна мекӯчонад


НАТО ба хотири мубориза бо тундгароён таҷҳизоти низомиашро аз Аврупои Шарқӣ мекӯчонад. Тибқи иттилои оҷонсии DPA дар нақша ҳаст, ки ин таҷҳизоти муҳим дар Ховари Миёна барои мубориза бо гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” истифода шавад. НАТО назорати фазои кишварҳое мисли Эстония, Литва, Латвия ва Лаҳистонро пас аз бӯҳрони миёни Русия ва Украина тақвият дода буд. НАТО коҳиш ёфтани ҳузураш дар фазоро, қарор аст, аз ҳисоби пойгоҳҳои заминии худ ҷуброн кунад.

XS
SM
MD
LG