Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигаронии Амрико аз наздикшавии киштиҳои Эрон


Намояндаи Амрико рӯзи 26-уми август аз наздикшавии киштиҳои ҳарбии Эрон ба киштиҳои амрикоӣ дар обҳои халиҷи Форс нигаронӣ кард. Ҷош Эрнест, намояндаи Кохи Сафед ин ҳаракати киштиҳои эрониро ғайри қобили қабул донист ва гуфт, ки ин эҳтимоли хатарро бештар мекунад. Эрнест ҳодисаи рӯзи 24-уми август дар халиҷи Ҳурмузро ёдоварӣ кард, ки бар асари наздик шудани қаиқҳои тезгарди эронӣ ба киштиҳои ҳарбии Амрико низомиёни ин кишвар маҷбур шуда буданд, то оташи огоҳкунанда сар диҳанд. Аммо Ҳусейн Деҳқон, вазири дифои Эрон гуфт, қаиқҳои тезгарди кишвараш гаштҳои маъмулии назоратӣ анҷом додаанд.

XS
SM
MD
LG