Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Талаби раҳоии чор сокини боздоштшудаи Қирғизистон


Даҳҳо тан аз сокинони Қирғизистон дар назди бинои шаҳрдории Кербени Ҷалолобод ҷамъ омада, раҳоии чор шаҳрванди ин кишварро аз боздоштгоҳи Узбакистон талаб карданд. Ҳамчунин, аз ҳукумати маҳаллӣ тақозо шудааст, масъалаи баҳси марзӣ дар минтақаи кӯҳии Унгар-Тооро бо Узбакистон ҳал кунад. Шаҳрдори Кербен ба назди эътирозгарон баромада, хабар дод, ки дар ин масъала бо ҷониби Узбакистон гуфтугӯ ҷараён дорад. Шакарбек Қамчибек, намояндаи Кумитаи ҳифзи куҳҳои Унгар-Тоо қаблан гуфта буд, ки ӯ мухолифи эътирози сокинон зидди ҳукумати маҳаллӣ дар ин масъала аст. Зеро, ба назари ӯ, эҳтимол дорад, дар пайи фишори сокинони маҳаллӣ ба хотири зудтар ҳал шудани баҳси марзӣ ҳукумат ба Узбакистон гузашт кунад. Ҳанӯз 22-юми августи соли ҷорӣ нирӯҳои Узбакистон дар кӯҳҳои Унгар-Тоо аз чархбол фуруд омада ва чаҳор қирғизи корманди як истгоҳи мавҷгирро боздошт карданд. Ин истгоҳ мавҷи телевизиону радио ва ширкатҳои телефониро пахш мекунад. Узбакистон кӯҳҳои Унгар-Тооро ҳудуди худ медонад ва мегӯяд, ки Қирғизистон ғайриқонунӣ дар ин минтақа истгоҳи мавҷпарокан сохтааст. Қирғизистон ин даъворо рад мекунад ва мегӯяд, аз қабл Унгар-Тоо ҳудуди Қирғизистон буд.

XS
SM
MD
LG