Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳалокати 15 шаҳрванди Қирғизистон дар сӯхтори Маскав


Дар сӯхтори субҳи 27-уми август дар анборе дар шаҳри Маскав 17 нафар, аз он ҷумла 15 шаҳрванди Қирғизистон, ҳалок шудаанд. Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон дар ин бора хабар дода гуфтааст, ки 14 нафар дар дохили бино ва як нафар дар роҳ ба сӯи бемористон фавтидааст. Кормандони сафорати Қриғизистон ва намояндагони вазорати корҳои дохилии ин кишвар дар Русия дар ҷойи ҳодиса буданд. Ба гуфтаи Хадамоти ҳолатҳои изтирории Русия ин нафарон дар як ҳуҷраи баста қарор доштанд ва кормандони хадамот маҷбур шуданд деворҳоро шикоф кунанд. Мақомоти Русия мегӯянд, ки кормандони чопхона аз дуд нафасгир шуда фавтиданд. Дар ин ҳодиса 15 шаҳрванди Қирғизистон ҳалок шуда чаҳор тани дигар ба бемористон интиқол ёфтаанд.

XS
SM
MD
LG