Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дурбинҳои назоратии “Пантера” ба бабрҳои сафеди Тоҷикистон


Созмони амрикоии "Пантера" барои шумурдани бабр ё паланги барфӣ дар минтақаҳои зисти онҳо дар Тоҷикистон дурбинҳои назоратӣ гузоштааст. Абдуқодир Маскаев, масъули Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон, рӯзи 27-уми август ба Озодӣ гуфт, ин созмон бештар аз як сол боз талош дорад, шеваи зиндагии ин ҷонвари нодирро дар Тоҷикистон биомӯзад. Маскаев мегӯяд, то ҳол шумораи дақиқи ин ҷонвар дар Тоҷикистон маълум нест. "Замони Шӯравӣ, ба ҳисоби тахминӣ, шумораи онро то 300 сар медонистанд, аммо ин дақиқ набуд," - гуфт ӯ ва афзуд, "ҷои зисти ин ҷонвар аз ҷониби инсонҳо рӯз то рӯз танг мешавад. Ғизояш аз ҳисоби бузҳои кӯҳӣ низ кам шудааст. Маҷбур мешавад, ба чорпои сокинон ҳамла кунад, ки дар натиҷа худаш кушта мешавад." Бабри барфӣ ё “паланги ширмол”, як навъ ҷонвари нодир буда, дар баландкӯҳҳои Тоҷикистон зиндагӣ мекунад.

XS
SM
MD
LG