Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як минтақа дар Пактиё ба дасти Толибон афтод


Мақомоҳои маҳаллӣ дар вилояти Пактиё воқеъ дар шарқи Афғонистон мегӯянд, ки ноҳияи Ҷонихели ин вилоят ба дасти Толибон афтодааст. Нақиб Аҳмад Атал, волии Пактиё ба Радиои Озодӣ гуфт, ки нерӯҳои амният аз ин минтақа "ақибнишинии тактикӣ" кардаанд. Ба гуфтаи вай, аз чанд рӯз ба ин тараф Толибон ҳамлаҳояшонро ба Ҷонихел афзоиш дода буданд. Оқои Нақиб Аҳмад Атал афзуд, ки дар ҷараёни даргириҳо панҷ нафар сарбоз кушта шуда ва даҳ тани дигар захмӣ шудаанд ва васоили ҷангӣ низ ба дасти Толибон афтодааст. Вай гуфтааст, ки нерӯҳои тозанафас аз марказ ба ин вилоят расидаанд ва барои тасарруфи дубораи ин вулусволӣ омодагӣ мегиранд.

XS
SM
MD
LG