Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷаримаи садҳо шаҳрванди Қазоқистон барои "ғасби худсаронаи замин"


Додситонии вилояти Қизилордини Қазоқистон 25 август гуфт, беш аз 800 ҳолати "ғасби худсаронаи замин"-ро ошкор кардааст.

Ба иттилои манбаъ, шахсияти 496 нафар, ки аллакай сохтани манзилро дар ин заминҳо оғоз кардаанд, муайян шудааст.

"Дар се моҳ 381 сокини маҳаллӣ барои "нақзи ҳуқуқи моликияти давлатӣ" ҷарима шудаанд, ки маблағи умумми он ба беш аз 57 миллион танга (зиёда аз 168 ҳазор доллари ИМА) мерасад", - омадааст дар иттилоияи додситонии Қизилордин.

Ибтидои моҳи гузашта ҳокимияти Қизилордин эълон кард, ки барои беш аз 6,5 ҳазор сокини вилоят замини назди ҳавлигӣ тақсим кардааст. Ба ҳисоби сокинони маҳаллӣ, теъдоди сокинони маҳаллие, ки барои гирифтани замини назди ҳавлигӣ навбат мепоянд, наздики 42 ҳазор аст.

Додситонии Қизилордин мегӯяд, дар қитъаҳои замине, ки аллакай сохтмон шуруъ гардидааст, лавҳаҳои шарҳдиҳандаи меъёри қонунгузории Қазоқистон бо рақамҳои телефони шуъбаи дахлдори ҳокимият насб шудааст. Ин гуна лавҳаҳо дар даҳҳо қитъаи замини назди ҳавлигии ноҳияи ал-Форобӣ, Коркот-ота ва Акмарҷон гузошта шудааст.

"Ишғоли қитъаҳои замин, ки моликияти давлатанд бидуни қарори мақомоти иҷроияи маҳаллӣ иҷозат дода намешавад", - таъкид шудааст дар иттилоияи додситонӣ.

XS
SM
MD
LG