Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Созишномае, ки ба ҳазорон шӯришгар ва сокинони осоишта имкон медиҳад, то шаҳрҳои муҳосирашудаи наздики пойтахти Сурияро тарк кунанд, қабул шуд.

Ин созишномаро нерӯҳои ҳукуматии Сурия ва мухолифон қабул кардаанд. Дар муҳлатҳои наздиктарин берунории муҳосирашудагон аз шаҳри Дарайя бояд оғоз шавад. Расонаҳои давлатӣ хабар медиҳанд, ки 700 нафари мусаллаҳ метавонанд ин шаҳрро озодона тарк кунанд. Наздики чаҳор ҳазор сокини осоишта паноҳгоҳ дарёфт хоҳанд кард.

Артиши Сурия шаҳри Дарайяро, ки дар ҳафткилометрии Димишқ ҷойгир аст, соли 2012 муҳосира карданд. Дар ин чаҳор сол танҳо моҳи июни соли ҷорӣ ба ин шаҳр кумаки башардӯстона роҳ дода шуд.

XS
SM
MD
LG