Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъвати Штейнмайер ба созиши нави назорати силоҳ бо Русия


Вазири хориҷаи Олмон ба созиши нав бо Маскав ба хотири назорати силоҳ даъват кард. Ин даъват дар ҳоле садо дод, ки машқҳои низомии Русия вусъат ёфта НАТО аз эҳтимоли шурӯи ғайримунтазираи низоъҳои мусаллаҳона изҳори нигаронӣ кард. Френк-Валтер Штейнмайер дар як сӯҳбаташ, ки дар нашрияи “Frankfurter Allgemeine Zeitung” нашр шудааст, рӯзи 26 август гуфт, вақте Русия аз соли 2014 принсипҳои тӯли даҳсолаҳо эҷодшудаи эътимодро рахна кард, “мо бояд барои ҷилавгирӣ аз шиддатёбии ин вазъ муттаҳид шавем”. Вай гуфт, ки ҷараёни нави назорати силоҳ ба маънои шаффофият, ҷилавгирӣ аз хатарҳо ва эҷоди эътимод хоҳад буд. Вай гуфт, “бояд бо ҳамаи ҳамкорони масъули таъмини амнияти қора муоширати танзимшуда ба роҳ монда шавад”. Манзури вазири олмонӣ, кор тавассути САҲА мебошад.

XS
SM
MD
LG