Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Таркиш дар наздикии марзи Туркия ва Сурия 8 кушта барҷой гузошт


Дар пайи инфиҷори як худрав дар наздикии идораи пулис дар шимолушарқи Туркия ба камияш 8 нафар кушта шуда, даҳҳо тани дигар ҷароҳат бардоштанд. Инфиҷор рӯзи 25-уми август дар шаҳри Ҷизр, ки дар наздикии марзи Ироқ ва Сурия қарор дорад, рух дод. Бештари сокинони ин шаҳр курд ҳастанд.

Дар натиҷаи инфиҷор бинои ОМОН-и пулис дар Ҷизр осеби зиёд дидааст. Телевизионҳои маҳҳалӣ навореро намоиш медиҳанд, ки дуди сиёҳ бар фарози шаҳр баланд мешавад. Хабаргузории давлатии «Анадолу» гуфтааст, инфиҷор бо ёрии ҳизби коргарии Курдистон, ки онро Туркия, Иттиҳоди Аврупо ва Амрико созмони террористӣ эътироф кардаанд, анҷом дода шудааст.

Даргириҳо миёни нерӯҳои амниятии Туркия ва ҷангиёни ҳизби коргарии Курдистон пас аз вайрон шудани созишномаи оташбас дар соли 2015 бештар шуданд. Ин ҳамла расо пас аз ду рӯзе рух дод, ки Туркия амалиёти бузурги худро дар Сурияи ҳамсоя шуруъ кард. Мақомдорони Туркия мегӯянд, амалиёт муқобили ҷангиёни «Давлати исломӣ» ва гурӯҳҳои муссалаҳи курд, ки бо ҳизби коргарии Курдистон робита доранд, равона шудааст.

XS
SM
MD
LG