Пайвандҳои дастрасӣ

Талоши Қирғизистон барои раҳоии 4 корманди "Кербен"


Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон талош дорад, 4 корманди истгоҳи фиристандаҳои "Кербен"-и кишварашро, ки пулиси Ӯзбекистон 23 августи соли равон боздошт кардааст, озод кунад.

Кормандони сафорати Қирғизистон дар Ӯзбекистон кӯшиш доранд, Абдумуталиб Урманов, Урмат Бердалиев, Жениш Тошматов ва Нурбек Усупбоевро ба Ватан баргардонанд. Феълан дар сатҳи хадамоти дипоматӣ гуфтушунид идома дорад.

Ёдрас мешавем, 22 августи соли равон чархболи МИ-8 ҳафт корманди Вазорати корҳои дохилии Ӯзбекистонро дар минтақаи баҳсии марзӣ, наздикии истгоҳи фиристандаҳо дар куҳи Унгар-Тоои Қирғизистон фуруд овард. Дар натиҷа мақомоти Қирғизистон ба ин минтақа аз ҳисоби кормандони пулис ва хадамоти марзбонӣ нерӯи иловагӣ фиристод.

Хадамоти марзбонии Қирғизистон субҳи 24 август хабар дод, ки кормандони истгоҳи фиристандаҳо дар куҳи Унгар-Тооро ба шуъбаи корҳои дохилии Янгиқурғони Ӯзбекистон бурданд.

Дар куҳи Унгар-Тоо пойгоҳи фиристандаҳои "Кербен" сохта шудааст. Чанд сол пештар марзбонҳои Ӯзбекистон талош карданд, ки онҷо назоратгоҳ бигзоранд. Баъди гуфтугӯҳо онҳо минтақаи баҳсиро тарк карданд.

XS
SM
MD
LG