Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Туркия мегӯяд, курдҳои Сурия созишномаро иҷро намекунанд


Нерӯҳои Туркия, ки рӯзи 24-уми август вориди шимоли Сурия шуданд, рӯзи панҷшанбе мавқеи гурӯҳи мусаллаҳи курдҳоро дар наздикии шаҳри Ҷароблус тирборон карданд. Ҷароблус қаблан аз сӯи мухолифони мусаллаҳ тасарруф шуда буд.

Анқара мегӯяд, гурӯҳҳои мусаллаҳи курд созишномаро дар бораи ба тарафи чапи дарёи Фурот интиқол додани нерӯҳояшон иҷро намекунад ва, аз ин рӯ, Туркия ҳақ дорад, ба вазъият дахолат кунад. Дар ҳамин ҳол, Ҷон Керрӣ – котиби давлатии Амрико – дар гуфтугӯи телефонӣ бо ҳамтои турки хеш Мавлуд Човошуғлу таъкид дошт, ки бинобар иттилои курдҳои Сурия онҳо нерӯҳои асосии худро аз шаҳри Манбиҷ берун кашидаанд. Дар ин бора рӯзномаи туркии «Ҳуррият» хабар додааст.

Ба таъкиди Туркия, ҳадафи асосии амалиёт дар Сурия дур рондани тамоми ҷангиёни гурӯҳи ифротгарои «Давлати исломӣ» аз минтақаҳои наздимарзӣ аст. Дар айни ҳол Анқара гуруҳҳои мусаллаҳи курдро, ки дар тарафи мухолифон меҷангад, душман медонад, чунки ба назари Туркия онҳо бо ҷудоихоҳони курд робита доранд.

XS
SM
MD
LG