Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Маҳфили ёдбуди журналистони фақид


Акбари Саттор.

Акбари Саттор.

Имрӯз, 26 август дар толори хурди Маҷмааи табъу нашри “Шарқи Озод” (ГЖК) дар шаҳри Душанбе, маҳфили ёдбуди иддае аз журналистони шодравон баргузор мешавад. Ҷамилаи Мақсуд, аз масъулони баргузории ин маҳфил дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ин маҳфил ба ибтикори рӯзномаи мустақили “СССР” ва ба ҳадафи гиромидошти хотираи неки журналистони шодравон сурат мегирад.

Ба гуфтаи Ҷамилаи Мақсуд, дар маҳфил хотираи Акбари Саттор, собиқ раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, Муҳаммадҷон Мирзошоев, сардабири пешини нашрияи “Наврӯзи Ватан”, Галина Зутсева, собиқ сармуҳарири нашрияи русизабони “Бизнес и политика”, Шарифи Мисайизод, хабарнигор ва ровии фақиди радиои тоҷик ва дигар хабарнигорону журналистон – Аброри Зоҳир, Раҳими Ашроф, Бахтиёри Сафар, Толиби Сангин, Убайдуллои Ширин ва дигарон, гиромӣ дошта мешавад.

Қарор аст, ҳамкорону дӯстон дар бораи журналистону хабаринигорони шодравон қиссаҳо кунанд ва ин васила рӯҳи ононро шод гардонанд. Маҳфили ёбдуди иддае аз журналистони тоҷик ба 28 август, рӯзи даргузашти Акбари Саттор рост омадааст. Акбари Саттор, раҳбари пешини Иттифоқи журналистони Тоҷикистон 28 августи соли 2015 аз ҷаҳон даргузашт.

XS
SM
MD
LG