Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Маликшо Неъматов ба президенти Чехия эътимоднома супурд


Сафири Тоҷикистон дар Олмон Маликшоҳ Неъматов, ки ҳамзамон раҳбари намояндагии дипломатии кишвар дар Ҷумҳурии Чех мебошад, рӯзи 23-юми август дар шаҳри Прага эътимодномаи худро ба президенти он кишвар Милош Земан супурд. Дар ин бора сайти вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад. Дар хабар гуфта мешавад, ки Милош Земан дар ин мулоқот хостори густариши муносибатҳои дӯстонаи Тоҷикистону Чехия шудааст.

Маликшо Неъматови 47-сола, ки то моҳи июни соли 2014 раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон буд (аз соли 2007), карйераи дипломатро баъди раҳбарии сафорати Тоҷикистон дар Берлин шурӯъ кард. Дар Тоҷикистон ӯ дар вазифаҳои раҳбари Созмони ҷавонони Тоҷикистон ва ноиби президенти Кумитаи миллии олимпӣ ҳам кор кардааст.

Муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чехия 5 июни соли 1992 барқарор шудааст. Вале аз он замон то кунун сафоратхонаи кишварҳо бевосита дар пойтахтҳои ин ду кишвар боз нашуд ва мизони табодули молу коло миёни ду кишвар чандон баланд нест. Ҳаҷми тиҷорати дуҷониба байни Тоҷикистон ва Чехия дар соли 2015 беш аз дусад ҳазор долларро ташкил додааст.

Сафири фавқулодда ва мухтори Чехия дар Тоҷикистон дар шаҳри Тошканд қароргоҳ дорад ва ҳамин тавр, барои муроҷиат ба сафорати Тоҷикистон шаҳрвандони Чехия бояд ба сафорати Тоҷикистон дар Берлин муроҷиат кунанд. Боздиди охирини президенти Чехия Милош Земан аз Душанбе ноябри соли 2015 ҷараён гирифт ва дар ин сафар ҷонибҳо созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи тибро ба имзо расонданд.

XS
SM
MD
LG