Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сиёсатмадори зиндонӣ мири Карочӣ интихоб шуд


representatives after winning the mayoral election in Karachi, August 24, 2016
representatives after winning the mayoral election in Karachi, August 24, 2016

Дар шаҳри Карочии Покистон нафареро мири шаҳр интихоб карданд, ки бо ҷурми терроризм зиндонӣ шудааст. Дар интихоботи маҳаллӣ аз 294 иштирокдор 196 нафар ба ҷонибдории Васим Ахтар, вазири собиқ ва собиқ намояндаи мардумӣ дар порлумон аз ҷиноҳи неруманди "Ҷумбиши Муттаҳидаи Қаюмӣ" овоз доданд. Ахтар моҳи июл бо ҷурми саркуб кардани шӯриши хунине дар соли 2007, ки он замон вазири дохилии вилоят буд, боздошт шуд. Ӯ баъдан ба фитнагарӣ ва терроризм муттҳам шуд. Бар поияи қонунҳои Покистон сиёсатмадорони зиндонӣ ҳақ доранд аз маҳбас ҳам раҳбарӣ кунанд. Ҳарчанд рӯшан нест, ки Васим Ахтар чӣ гуна аз паси панҷара шарҳдорӣ мекунад. Маросими савганди ӯ ба таърихи 30 август барномарезӣ шудааст ва интизор намеравад, ки додгоҳ ӯро то он рӯз озод кунад. Худи Ахтар аз раҳбарияти вилоят хостааст, ки барои ӯ дар маҳбас дафтар боз кунанд то тавонад ба масоили шаҳр аз тариқи видео расидагӣ кунад.

XS
SM
MD
LG