Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Узбакистон замини Қирғизистонро "қаламрав"-и худ эълон кард


Узбакистон замини баҳсбарангез дар қаламрави Қирғизистонро "хок"-и худ эълон кард ва гуфт, ки будубоши чаҳор шаҳрванди Қирғизистон дар онҷо "ғайриқонунӣ" буд. Матбуоти Узбакистон рӯзи 25-уми август бо такя ба Вазорати умури дохилии ин кишвар навишт, ки шаҳрвандони Қирғизистон дар боздошт қарор доранд ва бархӯрд бо онҳо бар пояи қонунҳои Узбакистон хоҳад буд. Тошканд иддао кардааст, кӯҳи Унгар-Тоо, ки дар марзҳои баҳсбарангези ду кишвари Осиёи Марказӣ ҷойгир аст, моли Узбакистон аст. Мақомоти Қирғизистон рӯзи 24-уми август гуфтанд, ки гуфтушуниди озод кардани чаҳор шаҳрванди кишвар, ки дар идораи пулиси Янгиқурғони Узбакистон нигаҳдорӣ мешаванд, бо Тошканд ҷараён дорад. Дар заминаи таниши ахир президенти Қирғизистон аз ҳукуматаш дархост кард, созишномаи марзиро, ки раҳбарони собиқи кишвар имзо кардаанд, мавриди омӯзиш қарор диҳад. Ба маълумоти ҷониби Қирғизистон, пулиси Узбакистон чаҳор шаҳрвандро, ки кормандони мавҷгирҳои радио ва телевизиони Қирғизистон буданд, дар мавзеи Унгар- Тоо боздошт карданд.

XS
SM
MD
LG