Пайвандҳои дастрасӣ

Китоби Гюлен сабаби боздошти яке аз мухолифони Озарбойҷон шуд


Созмони байнулмилалии "Хабарнигорони бидуни марз" боздошти яке аз раҳбарони "Фронти мардумии Озарбойҷон" Файг Амировро, ки ҳамчунин мудири молияи рӯзномаи "Azadlig" низ ҳаст, маҳкум кард.

Амиров бо гуноҳи "барангехтани адовати динӣ" ва "нақзи ҳуқуқи шаҳрвандон зери баҳонаи маросими динӣ" се моҳ ба ҳабси пешакӣ гирифта шудааст. Хабарнигорони бидуни марз дар изҳороти 24 августи худ даъват кардаанд, ки ин "айбномаи бемаънӣ" нисбати Амиров бекор карда шавад.

Пулиси Озарбойҷон мегӯяд, ҳангоми кофтукоб аз манзили Амиров китобҳои руҳонии турк Фатҳуллоҳ Гюленро пайдо кардаанд, ки Анқара вайро дар кӯшиши табаддулоти шаби 15 ба 16 июли Туркия айбдор мекунанд. Худи Амиров ҳамдастӣ бо Гюленро рад кардааст.

"Мақомоти Озарбойҷон барои саркӯби мухолифони худ аз "шикор"-и эълонкардаи президенти Туркия зидди ҷонибдорони Гюлен бисёр хуб сӯиистифода мекунанд", - гуфтааст Йоҳанн Бир, сардори шӯъбаи умури Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказии "Хабарнигорони бидуни марз".

XS
SM
MD
LG