Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Истирдоди як гумонбари қаллобӣ аз Маскав ба Узбакистон


Шаҳрванди 36-солаи Узбакистон Садриддин Муҳиддинов барои муҳокимаи парвандаи қаллобии бузург аз Маскав ба Узбакистон истирдод шудааст. Вай дар такроран анҷом додани ин ҷиноят гумонбар мешавад.

Муҳиддиновро дар Узбакистон ба он айбдор мекунанд, ки аз моҳи апрел то сентябри соли 2013 бовари як ҳамватанашро ба даст оварда, барои иҷора гирифтани мошини вай шартнома мебанданд. Аммо мошинро соҳибӣ карда, ҳаққи иҷораро напардохтааст. Бо гузашти моҳе аз он ҳодиса, Муҳиддинов як шаҳрванди дигарро фиреб дода, аз вай 6 ҳазор доллари амрикоӣ гирифтааст.

Моҳи феврали соли 2016 нозирони роҳи Маскав Муҳиддиновро боздошт карданд. Додситонии кулли Русия тасмим гирифт, ки ӯро ба Узбакистон истирдод кунад.

XS
SM
MD
LG