Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар Русия тафтиши ногаҳонии омодагии артиш ба ҷанг эълон шуд


Президенти Русия Владимир Путин дастур дод, ки ба таври ногаҳонӣ омодагии нерӯҳои мудофиа ба ҷанг санҷида шавад. Дар ин бора вазири мудофиаи Русия Сергей Шойгу хабар медиҳад.

Ин тафтиш аз 25 то 31 август баргузор мешавад ва Окгурҳои низомии ҷанубӣ, ғарбӣ, марказӣ, Флоти шимолӣ, инчунин нерӯҳои низомиву ҳавоӣ ва низомиву десантиро дар бар мегирад.

Ба гуфтаи Шойгу, омодагии Округи низомии ҷанубӣ санҷида мешавад ва ҳамчунин имкониятҳои Округҳои марказиву ғарбӣ баҳо дода хоҳад шуд.

Дар солҳои 2014-2015 баъди ғасби Қрим ва оғози низоъ дар шарқи Украина Русия борҳо артишашро ба таври ногаҳонӣ санҷида ва машқҳои низомӣ анҷом додааст. Мақомоти Украина мегӯянд, баъди ин тамринҳо афзоиши сарбозони русро дар марзҳояшон бештар мешавад ва вазъи Донбасс бадтар мегардад. Кишварҳои Ғарбӣ чандин маротиба аз анҷоми машқҳои пайи ҳам дар Русия изҳори нигаронӣ кардаанд.

Тафтиши ногаҳонии артиши Русия миёнаҳои моҳи июн анҷом шуда буд.

XS
SM
MD
LG