Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вакилони дифоъ: эҳтимолан Матаев ба мурофиаи навбатӣ наояд


Вакилони дифои Сайидқозӣ Матаев, раиси Иттифоқи журналистони Қазоқистон мегӯянд, эҳтимол дорад зерҳимояашон 29 август ба додгоҳ ҳозир нашавад.

Матаевро дар мурофиаи ахир бино ба баланд шудани фишори хунаш бо мошини ёрии таъҷилӣ ба беморхона бурданд.

Ба гуфтаи вакилони дифоъ, раиси ИЖҚ 5 шабонарӯзи оянда зери парастории махсус қарор гирифта, дар бораи интиқоли ӯ ба утоқи умумӣ табибон баъдан тасмим хоҳанд гирифт.

Мадина Боқиева, яке аз вакилони дифои раиси ИЖҚ дар як нишасти хабарӣ дар Остона гуфт, то мурофиаи навбатӣ вақти кам мондааст, агар Сайидқозӣ Матаев рӯзи 29 август ҳам аз беморхона мураххас шавад, ба додгоҳ ҳозир нахоҳад шуд, зеро наметавонад аз ҳуқуқҳои мудофиавии худ истифода кунад ва ба муҳокима омода шавад.

Тамара Калеева, президенти созмони ҳимоят аз расонаҳо - “Одил соз” мегӯяд, ҳуқуқи муҳофизат аз саломатии Сайидқозӣ Матаев поймол шудааст. "Аз субҳ муфаттишон талош карданд, ки вайро ба додгоҳ биоранд. Кӯшиш карданд, то табибонро қонеъ намоянд, ки имкон дорад ӯро ба додгоҳ баранд. Дар ҳоле ки табибон машварат карданд ва гуфтанд, ки Матаев бояд бистарӣ шавад, чун ба парастории махсус ниёз дорад", - афзуд Калеева.

Сайидқозӣ Матаев 24 феврали соли равон бо гумони аз худ кардани пули буҷаи давлат ва саркашӣ аз пардохти андоз ба ҳабси хонагӣ маҳкум шуд. 28 март писараш Асет Матаев, мудири кулли хабаргузории КазТАГ низ ба ҳабси хонагӣ гирифта шуд. Падару писар тамоми айбҳоро рад мекунанд.

Моҳи май айбномаи раиси ИЖҚ-ро ба моддаи сабуктаре тағйир доданд. Дар робита ба парвандаи писараш низ ин гуна тасмим гирифта шудааст.

XS
SM
MD
LG