Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Қурбониёни заминларза дар Италия ба ҳисоби охирин ба 247 нафар расидааст. Тибқи иттилои вазири тандурустии Италия миёни ҳалокшудагон кӯдакон низ ҳастанд. Наҷотдиҳандагон ҳанӯз ҳам зери харобаҳо афроди беномунишоншударо ҷустуҷӯ доранд. Маркази заминҷунбӣ дар Рим будааст, вале харобиҳои он ба се вилояти ин кишвар расидааст. Аз ҷумла, шаҳрдори шаҳри Аматриче гуфтааст, нисфи шаҳр хароб шудааст. Маъракаи кумак ба зарардидагон оғоз шудааст. Қувваи заминҷунбии шаби 24-уми август ба 6,2 бал мерасид. Соли 2009 дар натиҷаи як чунин зилзила бештар аз 300 нафар ҳалок шуда буд.

XS
SM
MD
LG