Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти беш аз 30 муҳоҷири тоҷик дар Қазоқистон


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Бештар аз 30 шаҳрванди Тоҷикистон дар яке аз бозорҳои шаҳри Алмаатои Қазоқистон боздошт шудаанд. Расонаҳои маҳаллии ин кишвар хабар додаанд, ки аксари ин шаҳрвандони Тоҷикистон зимни боздошт бо худ ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсиятро надоштаанд. Тафтиши кормандони пулис дар ин бозор барои тоҷирони тоҷик ғайриинтизор будааст.

Кормандони пулис гуфтаанд, на ҳамаи тоҷирони тоҷик дар ин бозор бе ҳуҷҷат буданд. Аз ҷумла, Муқим Юнусов, як тоҷири тоҷик, панҷ сол боз дар ин бозор ба тиҷорат машғул буда, тамоми санадҳои лозим барои ин навъи фаъолиятро доштааст. Баъди ин санҷиш афроде, ки ҳуҷҷатгузориашон дуруст буд, ба кори худ идома доданд.

Аммо ба иттилои пулиси маҳаллӣ дар пайи ин санҷиш 6 нафар бидуни қайди ҷои зист ба кор машғул будаанд, ки онҳоро ихроҷ аз Қазоқистон интизор аст. Инчунин, 5 нафари дигар ғайриқонунӣ ба тиҷорат шуғл доштаанд. Онҳо ба миқдори аз 10 то 12 ҳазор танга ҷарима ва молу маҳсулоташон муcjдира шудааст.

XS
SM
MD
LG