Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Зиндонӣ мири нави шарҳи Карочӣ шуд


Полис Васим Ахтарро баъди овоздиҳӣ барои интихоби мири шаҳри Карочӣ ҳамроҳӣ мекунад

Полис Васим Ахтарро баъди овоздиҳӣ барои интихоби мири шаҳри Карочӣ ҳамроҳӣ мекунад

Калонтарин шаҳри покистонии Карочӣ сиёсатмадореро, ки аз рӯи иттиҳоми терроризм дар зиндон ба сар мебарад, мири шаҳр интихоб кард. Васим Ахтар, собиқ вазир ва узви парлумон аз ҳизби бонуфузи “Ҷумбиши қавми муттаҳида” дар интихоботи шаҳрӣ ба бурдани 196 раъйи тарафдорон аз ҳисоби умумии 294 овоз муваффақ шуд. Ахтар моҳи июл боздошт ва дар саркӯби хушунатбори издиҳом дар соли 2007 айбдор шуд. Он замон ӯ дар мақоми вазирӣ дар минтақа кор мекард. Баъди чанде ӯ бо иттиҳоми барангехтани шӯриш ва ҳам терроризм боздошт шуд. Пирӯзии Ахтар рӯзи 24 август як рӯз баъди он имконпазир шуд, ки мақомот раҳбари “Ҷумбиши қавми муттаҳида” Алтаф Ҳуссайнро дар ғайбаш барои хиёнат ва ҳам барангехтани хушунатҳо айбдор карданд. Худи ҳизби сиёсӣ ин иттиҳомотро рад мекунад.

XS
SM
MD
LG