Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Кормандони қирғизи фиристандаҳои Унгар-Тоо ба Узбакистон бурда шуданд


Чаҳор шаҳрванди Қирғизистон, кормандони фиристандаҳои истгоҳи куҳи Унгар-Тоо дар шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Янгиқурғони Узбакистон ҳастанд. Дар ин бора Хадамоти марзбонии Қирғизистон хабар медиҳад.

Ба иттилои намояндагони ниҳоди марзбонии Узбакистон, набояд аз боздошти шаҳрвандони Қирғизистон нигарон шуд. Вазъи минтақаи баҳсии марзи Ӯзбекистону Қирғизистон муътадил, аммо бе тағйир боқӣ мондааст.

Сохторҳои марзбонии Қирғизистон дар ҳолати фавқулодда адои хизмат мекунанд. Намояндагони марзбонии ду кишвар музокиротро идома медиҳанд. Дар куҳи Унгар-Тоо пойгоҳи фиристандаҳои "Кербен" сохта шудааст. Чанд сол пештар марзбонҳои Ӯзбекистон талош карданд, ки онҷо назоратгоҳ бигзоранд. Баъди гуфтугӯҳо онҳо минтақаи баҳсиро тарк карданд.

XS
SM
MD
LG