Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Силоҳфурӯшҳои Оқтеппа зери заррабин мераванд


Мақомоти Қазоқистон мегӯянд, фаъолияти фурӯшгоҳҳои силоҳи Оқтеппаро минбаъд гуруҳи кории махсусе назорат хоҳад кард, ки ба ҳайати он намояндагони пулис, додситонӣ ва ниҳодҳои дигари дахлдор шомиланд.

Бердибек Сапарбаев, ҳокими вилояти Оқтеппа мегӯяд, назорати сахт ба кори ин фурӯшгоҳҳо барои "таъмини амнияти сокинон зарур аст".

Додситонии Қазоқистон соҳиби фурӯшгоҳи силоҳи "Паллад"-и Оқтеппаро, ки ибтидои моҳи июн чанд ҳамлавар аз он силоҳ ба даст оварданд, ба "нигаҳдории номуносиби силоҳ"айбдор мекунад. Ҳамчунин соҳиби фурӯшгоҳи силоҳи "Пантера"-и ин вилоят низ 42 ҳазор танга ҷарима шудааст.

5 июни соли равон як гуруҳи мусаллаҳ ба фурӯшгоҳҳои силоҳи "Пантера"-ву "Паллада" ва қисми низомии Гвардияи миллии Қазоқистон дар вилояти Оқтеппа ҳамла карданд. Бино ба иттилои расмӣ, дар натиҷаи ин ҳамлаҳо 7 нафар, аз ҷумла се низомӣ кушта шуд. Дар пайи амалиёти махсуси шашрӯза 18 нафар нобуд карда шуд, ки мақомот онҳоро дастандаркорони ҳамлаҳои Оқтеппа номиданд.

XS
SM
MD
LG