Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Боздошти ташкилкунандаи муҳоҷирати ғайриқонунӣ дар марз


Ташкилкунандаи муҳоҷирати ғайриқонунӣ дар марзи Қазоқистону Ӯзбекистон боздошт шудааст, дар ин бора хабаргузории СА-News иттилоъ медиҳад.

Шаш шаҳрванди Ӯзбекистон мехостанд бо муҳрҳои қалбакии пулиси муҳоҷират аз гузаргоҳи марзии "Капланбек" - воқеъ дар марзи Ӯзбекистону Қазоқистон убур кунанд.

"Марзбонон мушаххас кардаанд, ки як шаҳрванди Қазоқистон бо гирифтани 160 ҳазор сӯми ӯзбекӣ аз ҳар шаҳрванди Ӯзбекистон ваъда додааст, онҳоро бемамониат аз марзи давлатии Қазоқистон хоҳад гузаронид", - хабар медиҳад СА-News.

Шаҳрванди Қазоқистон маблағҳои гирифтаашро ба шаҳрвандони Ӯзбекистон баргардонида, дар ҳузури маъмурон ба гуноҳи худ иқрор кардааст.

XS
SM
MD
LG