Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи Матаевҳо ба охири моҳи август таъйин шуд


Додгоҳи раиси Иттифоқи журналистони Қазоқистон ва раиси Пресс-Клуби миллӣ бо сабаби сиҳҳатии бади яке аз гумонбарон ба мӯҳлати дигар вогузор шуд. Парвандаи Саидқозӣ Матаев ва писараш Асет, раиси оҷонии КазТАГ, ки ҳамчунин дар додгоҳ аст, рӯзи 23 август бо иттиҳоми фасод ба додгоҳ ирсол шуд. Дар рӯзи нахустини мурофиа саломатии Саидқозӣ Матаев бад шуд ва ӯро аз толори додгоҳ бо фишори баланди хун ба бемористон интиқол доданд. Додгоҳ рӯзи 29 август аз сар гирифта мешавад. Табибон гуфтанд, ки ин гумонбар дар мурофиа иштирок карда наметавонад. Падару писар Матаевҳо моҳи феврал боздошт ва ба ҳабси хонагӣ гирифта шуданд. Онҳоро дар фасоди молӣ айбдор мекунанд, Саидқозӣ Матаев инчунин дар напардохтани андоз муттаҳам мекунанд. Падару писар иттиҳомотро рад мекунанд, созмонҳои ҳуқуқи башар айбномаи онҳоро дорои ангезаҳои сиёсӣ меноманд.

XS
SM
MD
LG