Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қирғизистон аз содироти консентрати тило ба Чин нигарон аст


Ширкати "Олтинкен", ки ба коркарди кони тилои Талди-Булак машғул аст, 1170 тонн консентрати тилоро аз Қирғизистон ба Чин содир кардааст. Дар ҳоли ҳозир ин ширкат барои содир кардани 1800 тонни дигар дархост фиристодааст.

Намояндаи масъули ҳукумат дар вилояти Чуй Бактибек Кудайбергановро ин далел ба ҳайрат овардааст, ки "Олтинкен" корхонаи худро барои тоза кардани тило истифода намебарад. Кудайберганов дар ин робита ба мақомоти қудратӣ муроҷиат кардааст. Мақомоти давлатӣ масъулияти додани иҷозатномаро бар дӯши якдигар бор мекунанд.

Захираи тилои кони Талди-Булак 77 тонн арзёбӣ мешавад.

XS
SM
MD
LG