Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парлумон пирӯзии Дилшод Назаровро табрик гуфт


Парлумони Тоҷикистон пирӯзии Дилшод Назаровро дар Бозиҳои олимпӣ барои мардуми кишвар табрик гуфт. Шукурҷон Зуҳуров, раиси парлумони Тоҷикистон дар поёни нишасти ғайринавбатии парлумон, ки рӯзи 24 август баргузор шуд, гуфт, ки ин комёбии Дилшод Назаров Тоҷикистонро вирди забони ҷаҳониён кард ва ба ифтихори ӯ парчами кишвар барафрохта шуд.

Дилшод Назаров рӯзи 20-уми август бо партоби гурз ба масофаи 78 метру 68 сантиметр мақоми аввалро касб кард ва барандаи медали тиллои Бозиҳои тобистонаи олимпӣ дар Рио-де-Жанейро шуд. Ин нахустин медали тиллои варзишгарони тоҷик дар 24 соли ахир дар Бозиҳои олимпӣ мебошад.

XS
SM
MD
LG