Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳамошие масоили Роғунро баррасӣ мекунад


Сохтмони Роғун солҳост, ки оҳиста оҳиста идома дорад

Сохтмони Роғун солҳост, ки оҳиста оҳиста идома дорад

Тоҷикистон бо баргузории як ҳамоиши байнулмиллалии илмӣ азм дорад, ки бехатарии сарбандҳои нерӯгоҳҳои барқи обии кишвар барои минтақаро исбот кунад.

Олимони тоҷик рӯзи 23-юми август дар як нишасти хабарӣ гуфтанд, дар ҳамоиши илмие, ки рӯзи 25-уми август оғоз мешавад, пажӯҳишҳои зиёдеро дар бораи зилзилахезии минтақа ва тобоварии сарбандҳои кишвар ба заминларзаҳо муаррифӣ хощанд кард. Пажӯҳишҳое, ки ба гуфтаи донишмандони тоҷик, таърихи 80-солаи заминларза дар Тоҷикистон ва минтақаро омӯхтаанд.

Фарҳод Раҳимӣ, президенти Академияи улуми Тоҷикистон, рӯзи 23-юми август дар Душанбе гуфт, дар чанд даҳсолаи охир дар кишвар заминларзаҳои қавие рух надодаанд ва агар рух дода бошанд ҳам, ҳеҷ зиён ба сарбандҳои бузурги кишвар нарасондаанд. "Тамоми омору арқоме, ки дар 80 соли охир дар пайи заминларзаҳо ба даст омадааст, пешниҳод мешавад. Барои мисол, дар назди кӯли Сарез дар 80 соли ахир боре ҳам зилзилаи аз 7-баллӣ зиёд рух надодааст," - гуфт ӯ.

Мухолифатҳо ба сарбанди Роғун

Фарҳод Раҳимӣ

Фарҳод Раҳимӣ

Тоҷикистон ин ҳамоишро дар ҳоле баргузор мекунад, ки талошаш барои сохтани сарбанди бузурги нерӯгоҳи Роғун ба мухолифатҳои кишварҳои поёноби Осиёи Марказӣ рӯ ба рӯ шудааст.

Аз ҷумла, зилзилашиносони Узбакистон борҳо гуфтаанд, ки нерӯгоҳи Роғун дар минтақаи зилзилахез сохта мешавад ва барои тамоми минтақа хатарзо аст. Ҳафтаи гузашта рӯзномаи “Правда Востока”, минбари расмии ҳукумати Узбакистон, бо нашри мақолае навишт, "ду сарбанди азим дар Осиёи Марказӣ дар минтақаи печидаи рахнаҳои тектоникие сохта мешаванд, ки дар онҷо эҳтимоли ба вуқӯъ пайвастани зилзилаҳои 9-баллӣ ва бештар вуҷуд дорад."

Дар ин мақола омадааст, "ин омилҳо хатари рахна шудани сарбандҳо (аз ҷумла Роғунро) дар пай дорад ва мавҷҳои азими он метавонад, дигар иншооти обиро вайрон карда ... ва садҳо маҳаллаҳои зистро вайрон ва садҳо ҳазор одамро ҳалок кунад."

Рақобат барои фурӯши барқ

Аммо олимони Тоҷикистон ин иддаоро рад мекунанд. Холназар Муҳаббатов, донишманди тоҷик мегӯяд, ин иддао "гапи подарҳаво" аст ва дар ҳамоиш беасос будани чунин иддаоро собит мекунанд. Ба гуфтаи Муҳаббатов мушкил дар сохтмони Роғун нест, балки рақобат дар бораи фурӯши барқ аст.

“Узбакистон, ки аз фурӯшандагони аслии барқ дар Осиёи Марказист, намехоҳад, дар ин бозор рақиб пайдо кунад,” - гуфт Муҳаббатов. Муаллифони арзёбии байналмилалие, ки бо мусоидати Бонки Ҷаҳонӣ анҷом шуд, гуфтаанд, маҳалли нерӯгоҳи Роғун маҳалли печидаи сейсмологист, вале бо вуҷуди ин барои сохтмони нерӯгоҳ мувофиқ аст.

Ду моҳи пеш Равшан Қодиров, донишманди узбак бо нашри мақола сарбанди Кули Сарез дар вилояти Бадахшонро аз нигоҳи сейсмологӣ хатарзо ба кишварҳои минтақа унвон кард. Ба ақидаи ӯ, агар сарбанди кӯли Сарез канда шавад, то 6 миллион мардуми Осиёи Марказӣ осеб хоҳанд дид. Аммо олимони тоҷик эҳтимоли канда шудани сарбанди Сарезро ба ҳадде ташвишовар намедонанд, ки бархе мақомоти кишварҳои ҳамсоя тасвир мекунад. Фарҳод Раҳимӣ мегӯяд, сарбанди Сарез бо баландии 567 метр дар чандин заминларза исбот кардааст, ки ба зилзила тобовар аст.

Донишманди узбакистонӣ Турсунбой Рашидов ҳам яке аз меҳмонони нишаст аст.

"Сарез мустаҳкамтар шудааст"

"Барои мисол Сарез соли 1911 дар натиҷаи заминларзаи 7 балла пайдо шуд ва 7 декабри соли 2015 зилзила такрор ёфт. Хушбахтона, натанҳо Сарез аз нирӯи баланди зилзила зарар надид, балки мустаҳкамтар шуд. Ҳарчанд дар рӯзҳои аввал, чанд сантиметр оби он баланд шуд, аммо баъдан ба ҳолати аввала баргашт ва хатаре надошт," - гуфт Фарҳод Раҳимӣ.

Ба гуфтаи коршиносони тоҷик, дар сурати бунёди 3600-мегаваттии Роғун, ки 60 дарсади сохтмонаш алакай анҷом шудааст, Тоҷикистон метавонад ҳам худро бо нерӯи барқи кофӣ таъмин кунад ва ҳам ба ҳамсояҳо нерӯи барқи арзон фурӯшад. Қарордоди такмили Роғун ҳамин тобистон бо як ширкати итолиёӣ баста шуд ва қарор аст, ду агрегати он то ду соли оянда ба кор андохта шаванд.

Дар ҳамоиши серӯза дар Душанбе, ки аз 25 то 28-уми август идома мекунад, зилзиласанҷони 16 кишвари Аврупову Осиёи Марказӣ “амнияти сейсмикӣ дар Осиёи Марказӣ”-ро баҳс хоҳанд кард. Донишманди узбакистонӣ Турсунбой Рашидов ҳам яке аз меҳмонони нишаст аст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG