Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бердимуҳаммадов масъули бахши варзишро сарзаниш кард


Президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов мусъули бахши варзиши кишварро барои нокомӣ дар бозиҳои Олимпии Рио-де Женейро ошкоро сарзаниш кард. " Хеле дилсардкунанда аст, ки бо ин ҳама таъминоту пуштибонӣ шумо натавонистед интизороти миллатро бароварда созед", гуфт Бердимуҳаммадов ба раиси кумитаи варзиши Туркманистон Каакбой Саидов дар телевизион. Аз 9 вазишгари туркман дар бозиҳои Олимпии Рио яке ҳам медал нагирифт. Туркманстон боре ҳам медали олимпӣ надоштаст. Бердимуҳаммадов Саидовро сарзаниш кард, ки ӯ натавонист обрӯи кишварро дар арсаи варзиш боло бубарад. Ӯ ҳушдор дод, ки раиси кумита ин камбудиҳоро ислоҳ кунад, вагарна аз мақом сабукдӯш мешавад.

Соли 2012 президенти Туркманистон раҳбари собиқи кумитаи варзишро барои нокомӣ дар бозиҳои Олимпии Лондон аз мақом барканор кард. Бердимуҳаммадов барои бунёди маркази вазишии замонавӣ ва баргузории бозиҳои Осиё ва ҳунарҳои размӣ дар соли 2017 миллонҳо доллар сарф кардааст.

XS
SM
MD
LG