Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лориҷонӣ: Русҳо ҳоло ҳам пойгоҳи Ҳамадонро истифода мекунанд


Раиси порлумони Эрон Алӣ Лориҷонӣ гуфтааст, ки ҳавопамоҳои Русия барои зарба ба ҷангиён дар Сурия ҳоло ҳам аз пойгоҳи низомии Эрон истифода мекунад. Шарҳи Лориҷонӣ як рӯз баъд аз изҳороти вазири умури хориҷии ин кишвар пахш шуд, ки гуфт, ки ҳавопаймоҳои Русия ҳоло ҳам аз пойгоҳи Ҳамадон балан мешаванд. Лориҷонӣ, ки рӯзи 23 август дар порлумони Эрон сӯҳбат мекард, гуфт, ки Теҳрону Маскав дар ҷанги зидди терроризм шарики якдигаранд ва истифодаи пойгоҳ манъ нашудааст. Теҳрону Маскав аз тарафдорони президенти Сурия Башор Асад номбар мешаванд ва барои бақои қудрати ӯ талош мекунанд. " Мо пойгоҳи Ҳамадонро ба Русиия надодаем, ҳавопамоҳо дар парвозу нишаст ва гирифтани сӯзишворӣ аз он истифода мекунанд, гуфт Лориҷонӣ. Департаменти Давлатии Амрико рӯзи 22 август гуфт, рушан нест, ки оё истифодаи пойгоҳи Ҳамадон аз тарафи Русия қатъ шуда бошад.

XS
SM
MD
LG