Пайвандҳои дастрасӣ

Арманистон сарбози русро ба ҳабси абад маҳкум кард


Додгоҳи Арманистон рӯзи 23-юми август як аскари русро барои куштори як хонаводаи армании иборат аз 7 нафар дар соли 2015 гунаҳкор эълон кард ва ӯро ба ҳабси абад маҳкум кард. Мурофиаи додгоҳии сарбози рус Валерий Пермяков, дар шаҳри шимолуғарбии Гюмрӣ, наздикиҳои пойгоҳи низомии Русия ҷараён гирифт. Валерий Пермяков, ки қаблан ба гуноҳи худ иқрор шуда буд, дар мурофиаи рӯзи 19 август аз ҳаққи сухани охирин даст кашид. Рӯзи 15 январи соли 2015 сарбози рус баъди қатли хонаводаи арманӣ фирор кард ва дар марзи Арманистон бо Туркия боздошт шуд. Моҳи августи соли 2015 додгоҳи низомии Русия ӯро барои фирор аз артиш ва қонуншиканиҳои дигар гунаҳкор эълон кард. Трибунали низомии Русия ин сарбозро ба 10 соли зиндон маҳкум кард ва баъдан барои ҷавобгӯӣ дар қазияи куштор ба Арманистон интиқол дод.

XS
SM
MD
LG