Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти чаҳор барномарези амалҳои террористӣ дар Алмато


Чаҳор узви гурӯҳи тундрав ҳамчун берномарези силсилаи амалҳои террористӣ дар минтақаи Алмато абоздошт шуданд. Дар ин бора дафтари матбуоти Хадамоти амнияти Қазоқистон хабар дод. Хадамоти амнияти Қазоқистон мегӯяд, "аз ин афрод, ҷузъҳое барои омода кардани маводи таркандаи худсохт ва маводи эктсремистиву мазҳабӣ мусодира шудааст, ки дар манзили зисти онҳо нигаҳдорӣ мешуд. Инҳо шаҳрвандони Қазоқистон ва Қирғизистон буданд." Ба гуфтаи ин ниҳод онҳо тавонистанд барномаи ҷангиёнро, ки мехостанд кормандон ва афсарони ин хадамот ва идораҳои пулису қисмҳои низомиро ҳадаф қарор диҳанд, хунсо кунанд. Ин ҷангиён, ки ҳуввияташон эълон нашудааст, ҳамчунин барнома доштаанд, ки дар навбати баъди ба маконҳои серодам ҳуҷум кунанд.

XS
SM
MD
LG