Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Боздошти капитани қалбакӣ


Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон марди 58-солаеро боздошт кардаанд, ки бо пӯшидани либоси пулис аз тафтиши нозирони роҳ фирор мекардааст. Тавре аз дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар доданд, "Ҳусейншоҳ Шоискандаров, зодаи шаҳри Хоруғ, ки муваққатан дар ноҳияи Рӯдакӣ зиндагӣ мекунад, моҳҳо боз либоси корманди пулис бо рутбаи капитаниро ба бар карда, бо ин роҳ мехостааст, аз тафтиши кормандони БДА эмин бимонад." Ӯро ҳафтае пеш Раёсати амнияти дохилии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон боздошт кардааст ва маълум шудааст, ки ин мард моҳҳо боз мошини навъи "Опел"-и худро бе ягон ҳуҷҷати ронандагӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои лозим меронад. Бо пӯшидани ин навъи либос ӯ мехостааст, дар постгоҳҳо тафтиш нашавад. Маъмулан, дар Тоҷикистон дар постгоҳҳои БДА кормандони пулисро тафтиш намекунанд ва ин мард хоастааст, аз ин сӯиистифода кунад.

XS
SM
MD
LG