Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Нимпайкараи Шарифи Мисайзод дар Восеъ


Шодравон Шарифи Мисайзод

Шодравон Шарифи Мисайзод

Дар ноҳияи Восеи вилояти Хатлон нимпайкараи Шарифи Мисайзод, журналист ва ровии радиои тоҷик бунёд хоҳад шуд. Мӯсо Ғафурзода, раиси ноҳияи Восеъ, рӯзи 23-юми август дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “дар ҳақиқат, ин масъала зери назари ҳукумати ноҳия қарор дорад”. Ғафурзода афзуд, ҳатто қарор аст, яке аз мактабҳои ноҳияро ба номи шодравон Шарифи Мисайзод бигузоранд. Шарифи Мисайзод, яке аз маъруфтарин ровиёни радиои Тоҷикистон, рӯзи 16 июни соли ҷорӣ дар синни 50 аз олам рафт. Ба гуфтаи дӯстонаш, Шарифи Мисайзод чанд моҳи охир дар бистари беморӣ ба сар мебурд. Ӯ аз соли 1992 то поёни умр дар радиои Тоҷикистон - ибтидо дар шабакаи аввал ва солҳои охир дар "Садои Душанбе" кор кардааст. Аз ровиёни барномаи дар замони ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон маъруфи "Хоки Ватан" ҳам буд. Шарифи Мисайзод дар соли 2014 барои барномаи “Салому алейкум, диёрам!” ҷоизаи беҳтарин радиожурналисти сол дар озмуни “Ҷило”-ро ба даст оварда буд.

XS
SM
MD
LG