Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҷузъиёти боздошти сокини Тоҷикистон бо 141 кило маводи мухаддир


Мақомоти интизомии Тоҷикистон ҷузъиёти боздошти як шаҳрванди кишвар бо 141 кило маводи мухаддир дар Озарбойҷонро ошкор карданд. Мақомот мегӯянд, ин нафар Исмоилов Муҳаммадҷон Собирҷоновичи 31-сола буда, зодаи шаҳраки Қалъаи Ҳисори ноҳияи Ҳисор аст. Ба иттилои манбаъ, Исмоилов се моҳи қабл ба Эрон рафта, дар он ҷо дар яке аз ширкатҳои байналмилалии автомобилӣ ба кор даромадааст, “вале ҳамзамон ба харидуфурӯши маводи мухаддир машғул будааст.” Ҳафтаи гузашта мақомоти Озарбойҷон гуфтанд, ки як шаҳрванди Тоҷикистонро дар марз бо Эрон боздошт ва аз худрави ӯ 141 кило маводи мухаддаир пайдо кардаанд. Ин шаҳрванди Тоҷикистон дар бозпурсиҳои ибтидоӣ гуфтааст, ки қасд дошт, ин миқдор маводи мухаддирро ба Гурҷистон барад.

XS
SM
MD
LG