Пайвандҳои дастрасӣ

Оғози машқҳои низомии Амрико ва Кореяи Ҷанубӣ


Ийолоти Муттаҳидаи Амрико ва Кореяи Ҷанубӣ рӯзи 22 август тамрини низомии солонаро оғоз карданд, ки дафъатан ҳушдори Пхенянро ба бор овард. Тамрини низомии соли равон, ки 25 ҳазор сарбози Амрико ва 50 ҳазор аскари Кореяи Ҷанубиро фаро гирифтааст, то 2 сентябр идома хоҳад кард. Кореи Шимолӣ таҳдид кардааст, ки дар сурати ягон аломати пархошгарӣ ва ё "агрессия" аз тарафи Вашингтон ё Сеул аз "ҳуҷуми пешгирандаи ҳаставӣ" кор хоҳад гирифт. Пехенян ин таҳдидро зуд-зуд ба кор мебарад. Машқҳои низомӣ дар ҳоле шурӯъ шуданд, ки чанд рӯз пеш Сеул хабар дод, ки яке аз сафирони Кореяи Шимолӣ дар Лондон бо дилсардӣ аз сиёсати мақомоти кишвараш ба Кореяи Ҷанубӣ фирор кардааст.

XS
SM
MD
LG