Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Боздошти овозхони шинохта бо ҷурми таҳқири Ислом


Овозхони шинохтаи Малайзия дар заминаи шикоятҳо, ки навори видеоии ӯ Исломро таҳқир мекунад, боздошт шуд. Хабаргузории расмии Малайзия мегӯяд, пулис Намевиро, ки исми воқеияш Вии Менг Чии аст рӯзи 21 август дар фурудгоҳи байналмилалии Куала-Лампур дастгир кард. Дар навори таронаи "Oh My God", ки аввалин бор моҳи июл пахш шуд, Намевӣ ва овозхонҳои дигар дар назди маъбадҳои буддоӣ, дар дохили калисо ва берун аз масҷид тарона месороянд ва рақс мекунанд. Якчанд гурӯҳ ба пулис шикоят бурданд, ки "видео клип" Исломро таҳқир мекунад. Аммо худи Намевӣ гуфтааст, ки баръакс, ин тарона ҳамоҳангӣ бо мазҳабро ташвиқ мекунад. Нусхаи таҳриршудаи видео бидуни навори масҷид охири ҳафтаи гузашта дар Ютуб нашр шуд. Намевӣ, ки бо забони чинӣ тарона месарояд, соли 2007 дар ҳоле ба сархатти рӯзномаҳо баромад, ки таронаи миллии Малайзияро бо шеваи "рэп" ва бо истифода аз абёти балвогарона иҷро кард.

XS
SM
MD
LG