Пайвандҳои дастрасӣ

Истиқлол зиндагии баъзе аз сокинони Хуҷандро ба куллӣ тағйир дод, тафаккури бисёриҳоро дигар кард. Айни замон баъзеҳо ҳаваси даврони Шӯравиро мехӯранд.

Бархе аз сокинони Тоҷикистон мегӯянд, ки 25 соли истиқлол натанҳо зиндагӣ, балки тафаккурашонро ҳам тағйир додааст. Онҳо мегӯянд, агар дар Шӯравии собиқ аксарият ба умеди ёрии давлат менишастанд, дар даврони истиқлол дасту пой мезананд, то “якашон ду гардад”.

Рухсора Давронова, як зани миёнсоли сокини Хуҷанд, раҳбари корхонаи хурди нонпазист ва шиораш ин аст, ки аз дасту пойи равон намонад. Ӯ рӯзи 22-юми август гуфт, “чун аз худам мондам, аз дунё мемонам. Фақат ба умеди давлат намешавад. Давлат барои шумо ҳамаи шароитро фароҳам карда наметавонад. Бибинед, имрӯз аз боғчаву мактаби кӯдаконатон сар карда, то донишгоҳу беморхона, дар куҷо хидматрасонӣ бепул аст?”

Бархе ҷавонон дар хориҷ касбу кор меомӯзанд, баъзеи ҷавонон ба ҷойи таҳсил аз пайи гурӯҳҳои ифротӣ мераванд...

Давронова мегӯяд, соли 1990 донишгоҳро бо ихтисоси муаллимаи забони русӣ хатм кард, аммо ба ҳайси омӯзгори мактаби миёна фақат се сол фаъолият дошту бас. Ӯ гуфт, аз моҳонаи ночизи омӯзгорӣ рӯ ба соҳибкорӣ овард. Аввал коргоҳи дӯзандагӣ кушод, баъд дӯкони гулфурӯшӣ ва ҳоло - коргоҳи нонпазӣ. “Аз рӯи ҳамин кору таҷрибаҳоям мегӯям, ки одам дар зиндагӣ худаш ҳаракат кунад, ба умеди давлат, падару модар ё шавҳар шуда нишастан намешавад. Чунки тақдир на ба ҳамаи мо, занҳо шавҳарони кордону пулёб ҳадя медиҳад (механдад),” – гуфт ӯ.

На ҳама занону мардони фаъоли тоҷик мисли Рухсора Давронова тавонистаанд, ки бо нерӯву пул ва кордонӣ барои пешбурди зиндагӣ ба худ роҳ кушоянд. Дар ҳоли ҳозир бино ба омори расмӣ, ҳудуди 170 ҳазор зани тоҷик ба соҳибкорӣ машғуланд, вале адами дастрасӣ ба қарзҳои калони боимтиёз ва дарозмуддат онҳоро пойбанди тиҷорати хурду миёна кардааст.

Василаи расидан ба мақсад – пул ва "тағо"?

Толиб Аҳмадов, устоди забони чинӣ дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд мегӯяд, ки надоштани сармояи кофӣ дар зеҳни сокинон пайдо кардани хешутабори тавоно ва сарпарастро ба миён овардааст. Ӯ мегӯяд, “мутаассифона, ҳоло дар ақидаи қисми зиёди мардуми тоҷик пул як васили асосии расидан ба мақсад шудааст. Барои ҳамин, мардум касони пулдор ва соҳибмансаберо мекобанд, ки ба воситаи онҳо пеш раванд.”

Вале Шуҷоат Ҳасанова, раҳбари созмони “Хуршеди зиндагӣ” дар Хуҷанд ва муовини пешини раиси Маҷлиси намояндагон, ҳоло ба тағйири ақидаву тафаккури мардум, ба хусус насли замони истиқлоли Тоҷикистон аз зовияи дигар менигарад.

Вай худшиносиро дар навбати аввал мегузорад ва мегӯяд, сохтани ақидаву тафаккури солим ба худи инсон бастагӣ дорад: “Бибинед, бархе ҷавонон дар хориҷи кишвар илму касбу кор меомӯзанду соҳиби диплом ва ихтисос шуда, ба ватан меоянд. Мутаассифона, ҷавононе ҳастанд, ки ба ҷойи таҳсилу касб омӯхтан ба гурӯҳҳои тундрав шомил мешаванд."

Бо ин ҳол, 25 соли истиқлол дар ҷустуҷӯи кору зиндагӣ ҳазорҳо шаҳрванди Тоҷикистонро низ ба гӯшаҳои ҷаҳон, махсусан Русия, бурдааст. Онҳо бештар дар сохтмонҳо кор карда, ҳар сол ба хонаводаи худ дар Тоҷикистон миллионҳо доллар мефиристанд ва чархи зиндагиро мегардонанд. Бархе аз онҳо мегӯянд, аз ҳосили меҳнаташон хушҳоланд, вале мехоҳанд, давлат низ онҳоро фаромӯш накунад ва ҳадди ақалл дар ватан барояшон коре фароҳам кунад.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG