Пайвандҳои дастрасӣ

Бозиҳои олимпии Рио ба поён расид


Маросими поёни бозиҳои тобистонаи олимпӣ

Маросими поёни бозиҳои тобистонаи олимпӣ

Бозиҳои олимпии тобистона дар шаҳри Рио де Жанейро дар Бразилия бо як маросими карнавалмонанди бошукӯҳ ва рангоранг дар майдони Маракана ба поён расид. Томас Бах, раиси Кумитаи олимпӣ, хотимаи ёфтани бозиҳоро расман эълон кард, ки дар ҷараёни он 11 300 варзишгар аз 206 кишвар ва як гурӯҳи паноҳҷӯён ширкат доштанд. Томас Бах гуфт, “Бозиҳои олимпии шигифатнгез дар шаҳри шигифтангез баргузор шуд. “ Баъди ин гулхани бозиҳо хомӯш шуд ва раиси шаҳри Токио Юрико Коике, парчамро аз дасти раиси Кумитаи байналмилалии олимпӣ гирифт, ки маъниаш омодагӣ ба бозиҳои оянда дар соли 2020 дар Ҷопон аст. Бозиҳои олимпӣ ҳарчанд бе ҷанҷолҳои бузурге сипарӣ шуд, вале нигарониҳои амниятӣ ва допинги варзишгарони Русия онро олуда кард. Дар бозиҳои тобистонаи олимпӣ Амрико аз ҳама бештар медал ба даст овард, Бритониё дар ҷойи дуввум, Чин дар мақоми саввум ва Русия дар мақоми чаҳорум қарор гирифт.

XS
SM
MD
LG