Пайвандҳои дастрасӣ

Тамрини якҷояи низомиёни ИМА ва Кореяи Ҷанубӣ


Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Кореяи Ҷанубӣ рӯзи 22-юми август ба машқҳои муштараки ҳарбӣ оғоз карданд. Дар тамринҳо, ки то 2-уми сентябр идома меёбад, 25 ҳазор низомии амрикоӣ ва 50 ҳазор сарбози Кореяи Ҷанубӣ ширкат мекунанд. Кореяи Шимолӣ ҳушдор додааст, ки дар сурати мушоҳидаи ҳар гуна аломати “таҷовуз” даст ба ҳамлаи ядроӣ хоҳад зад. Пехенян дар гузашта ҳам чунин таҳдидҳо кардааст. Пештар аз ин машқҳо Кореяи Ҷанубӣ гуфт, ки як дипломати баландпояи Кореяи Шимолӣ дар Лондон аз раҳбарии ҳукумати он кишвар безор шуда ва ба тарафи Куриёи Ҷанубӣ гузаштааст. Куриёи шимолӣ ин дипломатро “инсони пастфитрат” ва ҷинояткор номидааст. Куриёи Шимолӣ моҳи январ бори чаҳорум озмоиши атомӣ анҷом дод ва моҳи феврал мушаки дурпарвоз сар дод ва баъди ин Созмони Амният таҳримот ба зидди Пхенянро сахттар кард.

XS
SM
MD
LG