Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

“Суди девонагон” ба ду ҷашнвораи байналмилалӣ роҳ ёфт


Намоишномаи “Суди девонагон”-и Театри давлатии шаҳри Конибодом дар ду ҷашнвораи байналмилалӣ иштирок хоҳад кард. Муҳиддин Ҷӯраев, саркоргардони ин театр, рӯзи 22 август ба Озодӣ гуфт, ҳайати эҷодии театр намоишномаи “Суди девонагон”-ро миёнаҳои моҳи сентябри имсол ба ҷашнвораи театрии “Дарҳои Шекспир” ба Шанхайи Чин ва ҷашнвораи бози осиёимиёнагӣ дар Лондони Бритониё мебаранд. Ин намоишнома аз рӯи асарҳои “Ҳамлет” ва “Шоҳ Лир”-и Шекспир дар моҳи январ рӯи саҳнаи театри Конибодом гузошта шуд. Ба қавли Муҳиддин Ҷӯраев, ин намоишнома тибқи як барномаи Дафтари Швейтсария дар Тоҷикистон ва ҳукумати Конибодом таҳия гардида, нахустнамоишаш дар театрҳои Конибодом, Театри ҷавонони ба номи Маҳмудҷон Воҳидови пойтахт ва Театри давлатии ба номи Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд баргузор шудааст.

XS
SM
MD
LG