Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар пайи садамаҳои нақлиётӣ дар се рӯзи охир 7 нафар ҷон дода ва як тани дигар ҷароҳат бардоштаанд. Ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, рӯзи 19 август ронандаи “Газел” ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Палдораки ноҳияи Мастчоҳ ба трактори тамғаи “МТЗ-82” бархӯрда, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.

Тибқи иттилои ин манбаъ, ҳамчунин дар ҳамин рӯз, ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс”, марди 30-солаи сокини шаҳри Гулистон, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди ҷамоати деҳоти Мастчоҳ-Бӯстони ноҳияи Мастчоҳ, бо сабаби корношоям гаштани чархи автомашинааш ба дохили канали обгузар чаппа шудааст. Дар ин ҳодисаи нохуши нақлиётӣ мусофирони автомашина ду ҷавони 27 ва 28-солаи сокинони ноҳияи Мастчоҳ ба ҳалокат расидаанд.

Ҳамчунин дафтари матбуоти вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки “шаби 20 август тахминан соати 00:20-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, марди 48-солаи сокини ноҳияи Деваштич, ҳангоми ҳаракат дар километри 257-уми шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд-Чанок бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, ба автомашинаи тамғаи “Рено-переним-250” таҳти идораи марди 45-солаи сокини ноҳияи Спитамен бархӯрдааст.

Дар ин бархӯрд ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра” ва ду нафар мусофиронаш: ҷавонони 30-солаи сокинони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд. Мусофири дигари автомашинаи мазкур, сокини 30-солаи ноҳияи Спитамен бо бардоштани ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ, дар беморхона бистарӣ шудааст.

Дар садамаи нақлиётии рӯзи 20 август дар Душанбе як пиёдагарди 40-45-сола низ ҷон бохтааст.

Бино ба омори расмӣ, дар як соли гузашта бар асари ҳодисаҳои нохуш дар роҳҳои мошингард беш аз 400 нафар ба ҳалокат расида, бештари қурбонии садамаҳо хурдсолон будаанд.

XS
SM
MD
LG